Семинари машваратӣ дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- и ноҳияи Ҷ.Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3883

Бо мақсади ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва  баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷ.Расулов семинари машваратӣ дар мавзўи «Об манбаи ҳаёт» гузаронида шуд.  Кормандони бахш Ҳасанбоев М. ва Кабиров Д. ба истироҳаткунандагон оиди ҳифз ва оқилона истифо-дабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, ҷалби хонандагон дар  аксияҳои экологӣ, мавзӯи муомилот бо партовҳо,, ки яке аз муаммоҳои актуалӣ мебошад, маълумоти муфассал доданд.

    Дар рафти семинар ба истироҳаткунандагон маводҳои иттилоотӣ рӯзномаи соҳавииИнсон ва табиатва буклетҳо тақсим карда шуд.