Семинари минтақавӣ дар шаҳри Конибодом

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3768

Санаи 24.07.2019 толори комплекси «Корвон»-и шаҳри Конибодом семинар - тренинги якруза дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»барои кормандони сохторҳои МИҲД шаҳри Конибодом ва Исфара багузор гардид. Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагон аз МИҲД шаҳри Конибодом – мудири шуъбаи ташкилӣ Ализода А., мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳо дар шаҳри Конибодом ва Исфара, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва маҳалла, намояндагони соҳаи маориф, рӯзномаи «Садои Конибодом» ва телевизиони «ТВ-5» шаҳри Конибодом ва дигар сохторҳои МИҲД шаҳрҳои мазкур иштирок намуданд.

 Дар рафти семинар – тренинг мувофиқи барнома пас аз суханҳои ифтитоҳӣ дар сессияи якум баромаду презентатсияҳо дар мавзӯҳои «Таърихи қабулшавӣ ва принсипҳои асосии Конвенсияи Орхус, дастрасӣ ба иттилооти экологӣ,  иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо,  дастрасӣ баадолатисудӣ дармасъалаҳои ҳифзимуҳитизист, кори Марказҳои Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи тарбияи ва маърифати экологии аҳолӣ дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташколоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ оид ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва Конвенсияи Орхус, Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар раванди иҷрои Конвенсияи Орхус  пешкаши  иштирокчиён гардид.

Дар сессияи дуюм кор дар гурӯҳҳои хурд, пешниҳод ва таклифи гурӯҳҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, музокираи умумӣ оид ба пурзӯр намудани ҳамкории тарафайн оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ба амал омад.

    Боиси қайдаст, ки чорабинӣ мувофиқи нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюми соли равон буда, дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва иҷрои талаботи Конвенсияи Орхус роҳандозӣ гардидааст.