Вохӯри бо имомхатибони масчидҳои шаҳри Хуҷанд оид ба вазъи экологӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3723

Дирӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба эълонгаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  вохӯрӣ бои момхатибони масҷидони ҷомеа ва панҷвақта доир гардид. Дар он намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ш.Хуҷанд, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрии мазкур ҷиҳати тозаву обод нигоҳ доштани масҷидҳо, риоя намудани талаботҳои санитариву гигиенӣ ва дигар масъалаҳо избрози ақида карда шуд.

    Дар баромади худ сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд ДӯсматовА. қайд намуд, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки сайёҳон барои сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ ташриф меоранд, дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, беҳбудии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ  кормандони масҷидҳоро бояд ҷалб  намуд.