Бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба соли сайёҳӣ )

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3418

Қалъаи Муғ яке аз ҷойҳои тамошобоби ш.Истаравшан буда, таҷдиду барқарорсозии Калъаи Муғ дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории таърихӣ бештар ҷалб гарданд. Ин аст, ки соли гузашта  16360 сайёҳӣ дохилӣ аз ин макон дидан намуд. Ќалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва  майдони умумиаш 6 гектар аст. Ба гуфтаи бостоншиносон Қалъаи Муғ маконест, ки дар он  Деваштич ба хотири озодии Ватан  ҷангида, он ҷо паноҳ бурдааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 таҳти раҳнамоии шарқшиноси  маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа он зиёда аз аз сад бозёфти нодири таърихи мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо гардид.

     Дар ин иншооти таърихию фарҳангӣ 70 ҳуҷра ҷиҳати нигаҳдории намунаи ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо, хонаҳои ёрирасон барои ҳунармандон мавҷуданд. Инчунин бинои амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии «Калъаи Муғ» дорои беш аз 5 ҳазор ҷои нишаст мебошад.