Такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар Баҳри Тоҷик

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3303

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ медиҳад, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ моҳиҳои обанбори Баҳри Тоҷик ЧСК «Моҳипарвари Гулистон» ва «Моҳии тоҷик» вазифадоранд, ки чорабиниҳои такрористеҳсолкунии захираҳои моҳиро дар обанбор амалӣ намоянд. Хоҷагиҳои номбурда тибқи талаботи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабинии мувофиқа намудаи худ бо мақомоти  ваколатдори ҳифзи муҳити зист дар сори ҷорӣ кӯшиш  ба харҷ дода, то имрӯз бештар аз як миллион моҳичаҳои хушсифатро ба обанбор сар доданд. Бештари моҳичаҳоро намудани растанихур аз қабили амури сафед, пешонағафси сафеду алоча ва капур ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки сифати моҳичаҳои паҳнкарда ба меъёри стандартӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон ба талаботҳои санитарию ветеринарӣ қаноатбахш мебошад.

 Дар нақшаи дурбинии хоҷагиҳои мазкур омадааст, ки барои афзун гардонидани захираҳои моҳиҳои обанбори Баҳри Тоҷик миқдор ва сифати моҳичаҳои барои такрористеҳсолкунӣ пешбинишударо зиёд намоянд.