Таъсис ёфтани комиссияи вилоятӣ доир ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3552

    Бо  мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти  соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъ-оварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ва иҷрои банди 6-и протоколи ҷаласаи кории назди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2019 қарори Раиси вилоят таҳти №472, аз 16.12.2019 «Оид ба таъсис додани комиссияи вилоятӣ» доир ба татбиқи қарори мазкур ба имзо расид. Ба ҳайати комиссия намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилоят,маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ, раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шуъбаи энергетика ва саноати МИҲД вилоят, маркази стан-дартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдо, намояндагии ширкати саҳомию холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар вилоят, ҶСК «Чароғ»-и ш.Исфара, ҶДММ «Сомон-энержӣ»-и ш.Хуҷанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист»-и вилоят, идораи телевизион ва радио, рӯзномаҳои вилоят шомил гаштаанд.

    Ҳамоҳангсози қарор Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят муайян гардида, сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳар се моҳ аз натиҷаи кор ба унвони раёсат барои ҷамъбаст маълумот пешниҳод  менамоянд.