Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар соли 2019

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3293

Санаи 2  январи соли равон  дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и ш.Хуҷанд  ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода ва муовини Раиси вилоят Р.Каримзода баргузор гардид.  Рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 шунида шуд. Дар навбати худ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.

     Ҳамчунин муовини Раиси вилоят Р.Каримзода дар баромади худ оид ба тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, нуктаҳои асосие, ки вобаста ба муҳити зист дар Паёми навбатии Пешвои миллат баён гардиданд, вусъат бахшидан  ба корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  баргузории  5500 солагии Саразми бостонӣ қайд  намуд.