Шанбегӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3208

    Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон рузи шанбе санаи 11 январ дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шанбегӣ гузаронида шуд. Дар он беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо  иштирок намуда, 5 тонна партов бароварда шуд ва 40 бех дарахтони санавбар шинонида шуд.