Вохӯрӣ бо донишҷӯён дар ДДҲБС Тоҷикистон

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3281

Бахшида ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баҳри  омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  вохӯрии мутахассиси  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо донишҷӯён ва устодон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ бобати Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ - буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, кам гардидани сатҳи камбизоатӣ, лоиҳа ва грантҳои амалкунанда, тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баромад карда шуд.

     Ҳамчунин ҷиҳати шиносоӣ бо минтақаҳои сайёҳии миқёси вилоят, ҷалби ҷавонон ба туризми экологӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар  беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ ибрози ақида карда шуд. Устодони кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгохи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат низ ҷиҳати ҳамкориҳои доимӣ ва оянда баҳри беҳбудии муҳити зист  баромад намуданд.