Корхои биотехникӣ дар ноҳияи Ашт

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3396

Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд корҳои биотехникӣ идома дорад. Барои пешгирӣ намудани фавти ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ   аз сардиҳои зимистони соли равон ва ҳифз намудани онҳо дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳои мавзеъҳои зисти онҳо тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангали ба номи Н.Хувайдуллоев дар мавзеи Ушунсой, Надок – 1, Надок -2  200 кг гандум, 300 кг хошок, 40 кг намак ва аз тарафи хоҷагии ҷангали С.Сармусоқов дар мавзеъи Оқтош, Оби Ашт, Болои Ғудос 407 кг донагӣ ва 2 тн хошок пошида шуд.

     Гузаронидани корҳои биотехникӣ дар ҳолати сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои кӯҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст.