Насби шиори экологӣ дар ноҳияи Ашт

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2653

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо мақсади сазовор  истиқбол гирифтани  ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар роҳи асосии Хуҷанд – Шайдон шиори экологӣ бо андозаи  2х 4 метр, бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» насб карда шуд. Насби дигар шиорҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия дар назар аст.