Ҳифзи олами ҳайвонот – вазифаи муқаддаси ватандорӣ мебошад

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 2854

 4 октябр – Рўзи муҳофизати ҳайвонот. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон ҳеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкўҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич пайваста ҳаёт мебаранд. Мониторинги солҳои охир далел мешаванд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Дар Рўзи муҳофизати ҳайвонот, ки дар тамоми қаламрави давлатҳои пешрафта қайд карда мешавад, хотиррасон шудан аз олами бойи гурўҳи моҳиҳо лозим аст. Айни ҳол дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, пас аз бунёд шудани обанборҳои Фарҳоду Баҳри Тоҷик дар зери таъсири омилҳои гуногуни табиӣ ва фаъолияти инсон миқдори захираҳои моҳӣ коҳиш ёфтааст. Аз тарафи коршиносони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муайян гардидааст, ки дар обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, ҳудуди вилояти Суғд, айни ҳол беш аз 40 намуди моҳиҳо вомеҳўранд, ки ба 13 оила мансубанд. Аз ин 15 - 20 намуди моҳӣ аҳмияти шикорӣ дошта, аз тарафи истифодабарандагони захираҳои табиӣ сайд карда мешаванд. Дар байни онҳо зағорамоҳӣ, лақамоҳӣ, мўйлабмоҳии оролӣ ва туркестонӣ, суфмоҳӣ, ҷерсон ва ғайраҳо дар сайди саноатии моҳӣ аҳамияти калон дошта, байни аҳолии диёр низ талабот доранд. Бо тавсияи олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ғанӣ гардонидани таркиби сифатии обанборҳои Фарҳоду Баҳри Тоҷик, солҳои 60 – 70-уми қарни гузашта, чорабиниҳои мутобиқкунии моҳиҳо амалӣ гардид. Дар натича аз маҳалҳои дигар ба обанборҳои ҳавзаи Сирдарё намуди моҳиҳои растанихўр ба монанди амури сафед, пешонипаҳни сафеду алоча, нуқрамоҳӣ, суфмоҳӣ ва гамбузия оварда паҳн карда шуд. Маълумоти илмӣ - таҳқиқотӣ шаҳодат медиҳад, ки ин намуди моҳиҳо ба шароити иқлими вилоят мутобиқ шуда, афзоиши табиӣ меёбанд ва миқдоран зиёд гардида, ба гурўҳи моҳиҳои сайдшаванда ворид мешаванд. Дар баробари ин, дар натиҷаи тағйирёбии реҷаи гидрологии Сирдарё баъзе намудҳои моҳиҳои маҳаллӣ миқдоран кам гашта, зери хатари маҳвшавӣ қарор гирифтаанд ва намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Дар айни ҳол ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 намуди моҳиҳо ворид карда шудааст, ки аз он 10 намуд танҳо дар Сирдарё сукунат доранд. Номбар кардани моҳиҳои нодир ва маҳвшуда ба монанди хормоҳӣ, белбинии сирдарёгӣ, сихболмоҳӣ ва ғайра ҳар як шаҳрванди табиатдўстро водор месозад, ки барои ҳифз намудани моҳӣ ва муҳити зисти онҳо сайю кўшиш намоянд.

     Раёсати ҳифзи муҳити вилояти Суғд барои ҳаматарафа ҳифзу самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои ҳавзаи Сирдарё, гузаронидани чорабиниҳои такрористеҳсолкунӣ, биомелиоратсияи обанборҳо, мубориза бар зидди ҳамагуна қонунвайронкуниҳо назорати давлатиро мунтазам амалӣ менамояд. Бо баробари ин, бар ҳар як шаҳрванд мурочиат намуда, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарёро ҳифз намоем ва барои афзун намудани захираи онҳо чораҳои мушаххас андешида, дастархони мардуми кишварро бо маҳсулоти гуногуни моҳӣ ғанӣ гардонем. Дар маҷмўъ, ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Барномаи таъминоти амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузорем.