Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Т.Нӯмонзода бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 8087

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, санаи хоса барои ҳар кадоми мост, зеро дар оғӯши табиат зиста, нисбати масъалаҳои мубрами он бефарқ будан нашояд. Айни замон масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зисти сайёра дар мадди назари ҳамагон қарор дорад. Боиси ифтихори мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлимро омили муҳими таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ» мешуморанд. Дар миқёси вилоят низ бо ибтикори Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардидани «Соли фарди солим» ва тасдиқи Барномаи вилоятии «Соли 2016 - Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» аз тарафи сокинон ҳамовозии зиёд пайдо намудаву дар ин самт ҳамзамон ҷиҳати беҳтар кардани вазъи экологӣ чораҳо андешида мешаванд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Беҳуда нест, ки зиёда аз 20  қонунҳо ва барномаҳои давлатии соҳавӣ қабул гардидаву дар татбиқи Созишномаҳои умумиҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона саҳми худро мегузорад.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари масъул баҳри иҷрои рисолати касбии худ фаъолияти худро баҳри иҷрои қарорҳои ҳукуматӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, таваҷҷӯи махсусро ба риояи талаботҳои қонунгузории ҷорӣ дар ин самт равона намудааст. Хамасола аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Ободонии маҳали зист», «Хавои тоза» ва ғайра баргузор мегарданд, ки он тибқи анъана ба тоза намудани муҳити зист оммаи васеъро ҷалб менамояд.

Дар ниҳоят, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист самимона табрик гуфта, бароятон осмони софи беғубор, табиати зебову нотакрор, муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

         Ид муборак, дӯстдорони табиат!