Санаи экологӣ. 11 декабр – Рӯзи байналмилалии куҳсор

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 3773

 Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар ақсои олам пеш аз ҳама чун диёри кӯҳсор мешиносанд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба хубӣ медонад ва ифтихор дорад, ки 93 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ аз кӯҳҳои сарбафалак иборатанд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон тамоми элементҳои чадвали даврии Менделеевро дарёфт намудаанду хоса дар манотиқи куҳсор ганҷҳои бепоён нуҳуфтаанд. Дар кишвари мо силсилакӯҳҳои баландтарини олам - Помир, Тиёншон ва Олой ба ҳам меоянд. Аз ҳама ганҷҳои бебаҳои табиати куҳҳои сарсафед оби мусаффо буда, қариб 1000 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ маҳз аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.

 Табиатдӯстони олам бо қарори 57-умини Ассамблеяи генералии СММ  ҳамасола  санаи 11 декабрро бо мақсади тарғиби аҳамияти рушди устувори манотиқи кӯҳсор ҳамчун рӯзи байналмилалии куҳсор ҷашн мегиранд. Азбаски кӯҳҳо 27 фоизи хушкии сайёраамонро ташкил медиҳад  ва қариб  15  фоизи аҳолии кураи арз дар манотиқи кӯҳсор умр ба сар мебаранд, СММ ҳадафи таҷлили рӯзи кӯҳсорро тарғиби рушди устувори минтақа мешуморад.

 Ҳудуди вилояти Суғд асосан аз кӯҳҳо иборат мебошад. Аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама (баландиаш то 3769 м), аз тарафи ҷануб қаторкуҳҳои Туркистон (баландиаш то 5509 м) ва хамгашти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст. Водии Заравшон бошад, қаторкӯҳҳои Заравшон ва Туркистонро ҷудо менамояд.

 Кӯҳсори Тоҷикистони Шимолӣ дорои канданиҳои муфиди мухталиф, аз ҷумла нафт, ангиштсанг мебошад. Дар кӯҳҳои қаромазор конҳои сершумори фулузот, кони оҳан, фулузоти нодир ва қимматбаҳо дарёфт шудаанд, ба ғайр аз ин ҳама намаки ошӣ ва аз маводҳои сохтмонӣ бой аст.

 Захираҳои ашёи хоми вилоятро мутахассисоне чунин муқаррар кардаанд: нафт – 46 млн.тн, газ -53 млрд. м3, газ ва конденсат – 27 млн.тонна. Ҳамагӣ дар вилоят 11 кони нафту газ мавҷуд аст.

 Кӯҳсори Суғд аз олами наботот ва ҳайвоноти хос бой аст. Ин ҷо қиёсан дар майдони начандок калон (26000 км2) 2500 намуд растаниҳо мансуб ба 104 оила ва 698 зот дучор мешаванд. Олами ҳайвоноти вилоят низ хоса буда, танҳо ин ҷо намудҳои нодир аз олами моҳиён, белбинии  сирдарёӣ, геккончаи зиреҳпӯш ва оксили  регии фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви сирдарёгӣ ва заравшонӣ аз синфи паррандаҳо, шабгарди малла ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрҳо дучор мешаванд.

 Солҳои охир босуръат азхудкунии доманакӯҳҳо, ба сифат ва намуди олами ҳайвоноти сукунатдошта таъсири худро расонида истодааст. Баъзе намудҳои олами ҳайвонот дар зери таъсири   омилҳои антропогенӣ  мавзеъҳои худро тарк намуда, дар дигар ҷой маскан гирифтаанд. Чунин вазъият ба миқдоран камшавии саршумори онҳо ва ҳатто  хавфи  маҳвшавӣ оварда расонида истодааст.

 Ҷангалзорони вилояти Суғд  аҳамияти ҳифзи муҳит доранд. Вале аз нарасидани нерӯи барқ, аҳолӣ аз ҷангал истифода мебаранд ва буриши ғайриқонунӣ, махсусан дар ноҳияҳои Ғончӣ, Айнӣ ва Шаҳристон ба мушоҳида мерасанд. Аз чаронидани чорво дар ҷангали арчазорон ниҳолакони зерҷангалӣ зарар мебинанд. Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кӯҳи Мевағул арчазорон ва чанорзорон қариб ба пуррагӣ нест карда шуданд. Дар қаторкӯҳи Курама, агарчи ҳанӯз арчазорон боқӣ мондаанд, онҳо ҳам кам монда хатари маҳвшавӣ ба онҳо таҳдид менамояд.

  Аз ин лиҳоз, муносибати дилсӯзона ба ҳар каф хоки зархези  кӯҳсори Тоҷикистон, ифлос накардани табиати нотакрор бо партовҳо, самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва мерос гузоштани гуногунрангии олами набототу ҳайвонот ба наслҳои минбаъда қарзи шаҳрвандии  ҳар фарди ватандӯст аст.