Ҷамъбасти аксияи «Тозагии соҳил» дар вилоят

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 7890

Раёсати ҳифзи муҳити зист баҳри иҷрои қарори Раиси вилоят аз 11.04.2015, № 178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист аксияи «Ободонии маҳали зист»-ро гузаронида истодааст.

Мувофиқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14.04.2016 сол таҳти №43 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2016» ва дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз санаи 19.04.2016 сол таҳти №42 санаҳои аз 23 - апрел то 31 - майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят аксияи мазкур гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ 37593 - нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 159,7 км ҷӯйбору латокҳо, 67,14 км соҳили каналҳо, 13,95 км соҳили заҳкашҳо, 61,7 км соҳили сойҳо, 24,4 км соҳили дарёҳо ва 3,9 км соҳили обанборҳо тоза карда шуд. Дар натиҷа 610,5 тн партовҳо бароварда шуда, ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои манзили коммуналии шаҳру ноҳияҳо ҷойгиронида шудааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки оянда ҳам назорати давлатиро оиди тозагии соҳилҳои манбаҳои обиро доир намояд ва аксияҳои махсусро гузаронад.