Ҷамъбасти викторина дар мавзӯи «Амнияти радиатсионӣ: Инро бояд ҳар як шахс донад» дар шаҳри Истиқлол

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 8087

Бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас дар вилояти Суғд викторина байни хонандагони синфҳои болоии  ш.Истиқлол ва ҷамоати Ғозиёни н.Б.Ғафуров дар мавзӯи бехатарии радиатсионӣ ва таркиби хӯрок  чамъбаст гардид.

Дар даври пешакии тадбир хонандагон ба маҳалаҳои аз ҷиҳати радиатсия осебпазир ва атрофи он рафта таҳлилҳо гузаронида буданд. Ҳар як даста  натиҷаҳо ва хулосаҳои худро ба комиссияи мутахассисон пешниҳод намудаанд.

Аз рӯи ҷамъбасти гузаронидани викторинаҳо  МТМУ №  6 ш.Истиқлол ғолиб дониста шуда, соҳиби сертификати пулӣ ба маблағи 2000 сомонӣ гардиданд. Дар ҷамоати Ғозиёни н.Б.Ғафуров МТМУ № 11 ғолиби викторина гардида, соҳиби сертификати пулӣ ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ гардид. Бевосита ба тамоми иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. 

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оиди бехатарии радиатсионӣ ва таркиби хӯрок, намудҳои радиатсия, таъсири радиатсия ба инсон ва мухити зист арзёбӣ мегардад.