23 октябр - Рӯзи ҷаҳонии бабри барфӣ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1171

 Бабри барфӣ ва ё озодапаланг аз ҷумлаи ҷонваронест, ки дар минтақаҳои кӯҳистони кишвари мо ҳаёти муқимӣ  дошта, ба  намуди махсуси муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дохил гардидааст. Шикори ғайриқонунии озодапаланг ба хотири пусташ ин ҷонвари зеборо ба нестӣ овардааст. Бабри барфӣ  аз нодиртарин ҷонварон аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Ҳоло наздик  ба 6000 сар ин навъи паланг дар боғҳои вуҳуши ҷаҳон умр ба сар мебарад. Боиси таассуф аст, ки ин ҷонвари зебо, нодир ва пурғурур, имруз дар олам хеле кам мондааст. Ба руйхати сурхи ИБҲТ ва замимаи 1 Конвенсияи СММ «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои флора ва фаунаи ёбоӣ, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд» дохил гардидааст. Айни замон дар олам лоиҳаҳои зиёде зери сарпарастии Барномаи Рушди Созмони  Миллали Муттахид барои муҳофизат ва нигаҳдошти ин ҷонвари зебо амалӣ мешаванд. Ин гуна лоиҳаҳо  дар Тоҷикистон низ татбиқ  мегарданд.  Мақсад аз рӯи кор овардани лоиҳаҳо муҳофизати ин ҷонвари зебо ва доно  мебошад. Тоҷикистон  хусусан Бадахшон макони аслӣ ва ҷои асосии буду боши озодапаланг ба шумор  меравад.

  Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 сар бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст. Ҳифз намудани ин ҷонвари зебо вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Озодапаланг бо  зебогӣ, далерӣ, чобукӣ, тозагӣ ва мағлубнопазирияш метавонад ба ҳайси рамзи миллӣ, нишони далерию сарбаландии мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.