Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Гулистон

  Тибқи нақшаи пешбинигардида фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар доираи гузаронидани санҷиши мазкур вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва муовини директор оид ба тарбия, омӯзгори фанни экология ва хонандагон бахши 3-и ҶДММ «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» вохӯрӣ бо сармутахассиси сарраёсат доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ изҳори ақида карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи худ чорабинии тантанавиро таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки кормандони ҳамаи шуъбаҳои назоратӣ барпо намуд. Дар рафти чорабинӣ сардори шуъбаи сарраёсат сухан карда, ҳамчунин баромади сармутахассиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон» шунида шуд. Боиси қайд аст, ки барои гирифтани баҳраи маънавӣ ва ҳам сиёсӣ ба иштирокдорони чорабинӣ дар маҷмуъ, ба таври муфассал таърихи қабул, маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат давоми 15 соли ахир санаи 24–уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида шуда, ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад. Рӯзи Парчами давлатиро ба кормандону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиат табрику муборакбод гуфта, итминон дорам, ки бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ҷиҳати дар сатҳи баланд барпо намудани чорабинии мазкур барои иштирок ва суханронї муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ўрунбоева М.Х.ва бевосита иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуродов Д. даъват карда шуданд. Ҳангоми баромаду суханронӣ ба кормандону мутахассисони ҷавони сарраёсат аз ҷониби меҳмонон дар бораи сабаби ба ин рӯзростомаданичунин ҷашнимуборак, дар қонунгузории кишварамон пазируфта шудани рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу тарақиёти давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ ва дар бораи дигар иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Сарвари давлат шарҳу маънидод гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.