Дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 2145

 Кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат бо мақсади пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ва камнамудани ихроҷи моддаҳои зараровар аз нақлиёт дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам амалиёти «Ҳавоитоза»-ро баргузор менамоянд. Тибқи нақшаи корӣ, бо иштироки нозирони давлатии бахши ҳифзи муҳити зист дар кӯчаи марказии шаҳри Конибодом амалиёти мазкур доир гардида, дар рафти он 35 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардида, барои ихроҷи барзиёд ва вайрон намудани меъёри стандартҳои давлатии амалкунанда, нисбати 4 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Протоколҳои тартибёфта барои чораандешии минбаъда ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.