Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, бо иштироки 40 нафар волонтёрон дар қадди шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузарониданд. Дар оғози аксияи мазкур 120 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ ва 40 адад дастпушак ба иштирокдорон тақсим гардида, дар натиҷа 5,5 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаи махсуси муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки пеш аз гузаронидани аксия тарики радиои маҳалии «Парвин FM» ба тамоми сокинони шаҳр оид ба баргузории чорабинии мазкур баромаду эълон карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва минбаъд ҷалби оммаи васеи сокинон ба гузаронидани аксияҳои экологӣ рафти корҳои иҷрошуда аз ҷониби намояндагони телевизиони марказии шабакаи «Тоҷикистон» наворбардорӣ гардид ва дар барномаи иттилоотӣ пахш карда мешавад.
Ҳамзамон, санаи 16 ноябри соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар маҳаллахонаи Олимхӯҷа Лутфии шаҳри Истаравшан бо сокинон оид ба пайдо гардидани партовҳои бесоҳиб дар маҳал, таъсири манфии ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ва ҷавобгарии дар қонунгузории амалкунанда пешбинигардида корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз тарафи сокинон ҳашар эълон гардида, бо истифода аз нақлиёти боркашон партовҳои бесоҳиби дар маҳал ҷойдошта бо пуррагӣ бартараф карда шуд.