Вохӯрӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои кории шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 1226

  Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» дар шаҳри Истиқлол ваҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров гурӯҳҳои корӣҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ таъсис ёфта, давоми ду соли охир дар шаҳру ҷамоати деҳоти мазкур як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо амалӣ гардиданд. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти солонаи гурӯҳҳои корӣ дар толори меҳмонҳонаи «Суѓдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии васеъ бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ташкилоти САҲА, аз он ҷумлаҶумҳурии Ўзбекистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», васоити ахбори омма ва худи гурӯҳҳои корию аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и шаҳри Истиқлолуҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид.Пеш аз оғози чорабинӣ барои иштирокдорон ва меҳмонон намоишгоҳиаксҳо дар мавзӯи «Ҷаҳони пластикӣ»муаррифӣ гардида, инчунин озмун - викторина дар мавзӯи намоишгоҳ гузаронида шуд.

 Дар рафти вохӯрӣ суханҳои ифтитоҳии сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, намояндаи ташкилоти САҲА ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» шунида шуда, ҳамчунин роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои иҷро карда баромад намуданд.Ҳамзамон, тамошои видеороликҳои барои озмун таҳиягашта ва баҳодиҳии онҳо ба амал омада, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардидаанд.Қайд кардан ба маврид мебошад, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои ҷалбиҷавонон ва аҳолӣдартатбиқи«Барномаидавлатии маҷмӯиирушди тарбия вамаърифатиэкологииаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонбароисолҳои 2021-2025» саҳми назаррас доранд.