Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2024

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 789

 Ҳамкорони азиз! Пас аз чанд рӯзи бошумор соли нави 2024-юми милодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиатро сидқан шодбош гуфта, ба  ҳар яки шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. Соли нави милодӣ муборак!