Ҳифзи муҳити зист ва маърифати экологии ҷомеа

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 791

Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ нишон диҳем ва бо ин мақсад бо таҷдиди назар дар масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем.” Эмомалӣ РАҲМОН. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳои фаъолияти мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Сарвари давлат дар Паёми худ дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он - камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.”

  Дар партави ин суханон бахши муҳити зист дар шаҳри Исфара талош дорад, баҳри тарбияи экологии шаҳрвандон ва кабудизоркунии муҳити атроф чораҳои муассир андешад. Ба ин хотир дар гӯшаву канорҳои шаҳри Исфара партовқуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ гузошта шудаву дар нақша аст, ки ин иқдом пайгирӣ ва дар дигар шаҳракҳову деҳот низ амалӣ гардад. Агар гузоштани қуттиҳои партов як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар ин тарбияи экологии шаҳрвандон аст. Ба ин хотир нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудаву дар асоси он гузаронидани суҳбату вохӯриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандони дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи “иқтисоди сабз” дахл намуданд ва таъкид доштанд, ки то поёни даҳаи сеюми асри бистуяк Тоҷикистон пурра ба кишвари сабз табдил дода хоҳад шуд. Дар ин раванд ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла Саридораи геологияи кишвар даструи махсус дода шуд. Яъне Сарвари давлат таъкид карданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли «энергияи сабз», рушди «иқтисоди сабз» ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.” Дар ин гуфтор ду самти фаъолияти бахши муҳити зист барои минбаъда муайян карда шудааст. Якум ин масъалаи паст кардани партовҳои гази гулхонаӣ, ё худ парникӣ ва дуюм масъалаи рақамикунонии фаъолият мебошад. Ҳар ду ин самти фаъолият бевосита ба беҳдошти муҳити зист таъсири ҷиддӣ ва мондагори худро дорад. Дигар масъалае, ки дар Паёми имсола зикр гардид, ин қабули Барномаи мушаххаси давлатии кабудизоркунии кишвар то давраи соли 2040 мебошад. Қабули ин Барнома ба манфиати умум нигаронида шуда, ҳадаф аз он пеш аз ҳама шинонидани ниҳолҳо ва нигоҳубини онҳо бо мақсади хушк нашудан ва аз афзоиш намондан мебошад. Паёми навбатӣ бори дигар натанҳо тааконбахши фаъолият дар сохтори муҳити зист аст, ки балки нақшаи мукаммали амал низ мебошад. НОЗИРЧОН ҲОМИДОВ, мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара.