Назорати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ноҳияи Спитамен

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 2285

  Тибқи нақшаи кори Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд барои соли 2025 фаъолияти чунин Комиссияи байниидоравии минтақавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Дар натиҷа маводи ҷойдоштаи ҳамаи сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дахлдор санҷида шуд. Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Спитамен» бо иштироки омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Дар рафти чорабинии иттилоотӣ вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз он ҷумла муаммоҳои экологии глобалӣ, таъсири манфии партовҳои пластикӣ, масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дар бораи зарурияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва мақсади Барномаи давлатӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ сармутахассиси сарраёсат изҳориақида намуд. Дар интиҳо ба китобхонаи литсейи мазкур 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» аз номи сарраёсат тақдим гардид.