Баргузории аксияи экологӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд»

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 348

  Бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар МД «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд» аксияи экологӣ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки дар аксияи мазкур ғайр аз кормандони сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, кормандони «Боғи ботаникӣ», намояндагони Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, омӯзгорону хонандагони аъзоёни раванди «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 6 адад шаҳри Истиқлол ва 4 адад ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, омӯзгорону хонандагони МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд», дар маҷмуъ беш аз 200 нафар иштирок доштанд. Тибқи барномаи чорабинӣ пас аз суханҳои ифтитоҳии сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, сармуҳарии рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва директори ТҶ«Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби мудири МД «Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд» маълумоти мухтасар дар бораи боғ ба иштирокчиён пешниҳод гардида, дар баробари иҷрои корҳои ободонӣ, тоза кардани минтақаҳои боғ аз пасмондаҳои табиӣ ва дар соҳили дарёи Сир аз партовҳои пластикӣ, ҷамъоварии тухмии дарахтони сада (қайроғоч), ки ба роҳҳои дохили боғ бо вазидани шамол аз дарахтон рехта шудааст, инчунин озмуни ҳунарҳоаз партовҳоюмасолеҳитабиӣва викторина байни хонандагони аъзоёни «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд.

 Озмун ва викторинаи мазкур бо дастгирии Бонки «Арванд» ба амал омада, дар интиҳои чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои гуногун қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки дар рафти аксия аз ҷониби хонандагони МДТ «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» соҳили дарёи Сир дар минтқаи «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, ки бо «Боғи ботаникӣ» ҳамсарҳад мебошад аз партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Дар натиҷаи баргузории аксияи экологӣқариб 60 кг тухмии дарахтони сада (қайроғоч) ҷамъоварӣ гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб пасмондаҳои табиӣ ва партовҳо, аз ҷумла партовҳои пластикӣ бо воситаи нақлиёти махсуси партовкашон ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол гардид. Минбаъд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва Барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, аз он ҷумла ҷавонон, дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дигар сохтору муассисаҳо чунин чорабиниҳои иттилоотию амалиро барпо менамояд.