Баргузории озмун – викторина байни дастаҳои «Нозирони сабз» бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 114

Дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Раёсати маорифи вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар соли ҷорӣ идома ёфта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ташкили як қатор чорабиниҳои гуногун пешбинӣ гардидааст. Бахшида ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и 6 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истиқлол, 4 адад чунин муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, инчунин Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, дар маҷмуъ байни 13 даста озмун - викторина гузаронида шуд.

Пас аз суханҳои ифтитоҳии ректори донишкада ва намояндаи сарраёсат – раиси ҳакамон, дастаҳои «Нозирони сабз» дар се бахш аз рӯи шартҳои озмун баромад карда, аз ҷониби аъзоёни 5 нафар ҳакамон баҳогузорӣ гардиданд. Ғайр аз намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, ду намояндаи Раёсати маорифи вилоят, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ба ҳакамон аъзо буда, баромади ҳар як дастаи «Нозирони сабз» дар бахши якум - «шиносоӣ» (эҷодкорӣ ва муаррифии даста), бахши дуюм - «мусобиқаи капитанҳои дастаҳо» (дониши экологӣ ва мантиқи ҷавобҳо) ва бахши сеюм - «саҳнача» (ҳунарнамоӣ ва мутобиқат ба мавзӯи экологӣ) мутобиқи талаботи шарти меъёрҳо баҳогузорӣ карда шуд. Тибқи ҷамъбасти холҳои ба даст овардаи баромадкунандагон, соҳиби ҷойи якум МТМУ-и №4-и шаҳри Истиқлол, ҷойи дуюм МТМУ-и №20-и ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров ва ҷойи сеюм МТМУ-и №1-и шаҳри Истиқлол шуда, онҳо бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ба ҳамаи боқимонда иштирокчиёни чорабинӣ низ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, ба дастаҳои «Нозирони сабз»-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон, ки бори аввал дар чунин озмун иштирок доштанд аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят як ададӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.