Аксияҳои умумивилоятии “Тозагии маҳал”, “Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил”

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 64

  Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон 17 сентябри соли ҷорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён доштанд, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, таъмин намудани вазъи экологии мусоиди муҳити зист, дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоза нигоҳ доштани манбаҳои об, шоҳроҳҳо, маҳалли зист аз ҳар гуна партовҳо, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал”,“Тозагии шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия сокинони шаҳру ноҳияҳо, аҳолии ҷамоату деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо  ҳамагӣ 6320 нафар фаъолона иштирок  намуда, ҳаҷми партовҳои баровардашуда 141 м3,  масофаи тозакардашуда  22 800 м2 ташкил дод. Дар доираи баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Исфара 2 ҳолат, ш.Истаравшан, ш.Хуҷанд партовҳои бесоҳиб бо ҷалби техникаҳои коммуналӣ ва борбардор  бартараф карда шуд. Рафти аксияҳо  тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Сафина ва Синамо ба навор гирифта шуд.