Д
ар толори маҷлисгоҳи сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб Хол бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид. Таъкид гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сокини кишварро вазифадор месозад, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бар-доштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷриба ба кор бурда мешавад.
Дар навбати худ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра бобати нақш ва нуфузи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бузургтарин дастоварди Сарвари маҳбубамон, ки барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тадбирҳо ва ғамхориҳои пайваста баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлис барои саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.
