Чорабинии омӯзишӣ барои омӯзгорони барномаи «Нозирони сабз» дар шаҳри Гулистон

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 59

  Тибқи нақшаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон давоми ду рӯз чорабинии омӯзишӣ барои 32 омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят — намояндагони 17 мактаби мақсаднок ва Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, инчунин 15 мактабе, ки дар онҳо ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» амалӣ менамояд, баргузор гардид. Барномаи чорабинӣистифодаи самараноки «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ»-и навшуда, татбиқи усулҳои интерактивии таълим ва иштирок дар ташаббусҳои экологиро дар бар мегирифт.

  Дар рафти ин чорабинӣ иштирокдорон бо «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ»-и навшуда шинос гардида, инчунин маълумот доир ба масъалаҳои вобаста ба роҳҳои татбиқи он дар раванди таълиму тарбия, такмили малакаҳо дар таълими интерактивии мавзӯъҳои экологӣ, шиносоӣ бо усулҳои таҷрибаи ташкилотҳои шарики рушд, таҳияи нақшаҳои тақвимии дарсҳои факултативӣ бо назардошти хусусиятҳои маҳаллӣ, омода намудани иштирокдорон барои гузаронидани озмуни «Беҳтарин омӯзгори «Нозирони сабз»» дар соли 2026 ва дигар масъалаҳои пешбинигардида, пешниҳод карда шуд. Боиси қайд аст, ки аз навсозии «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ» ин натиҷаҳои ҳамкорӣ бо Котиботи байналмилалии захираҳои об дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Таъминоти маҷмӯии оби нӯшоки ва беҳдошт дар ҳудуди деҳоти вилояти Суғд», ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад, имконпазир гардид.