Ҳ
ангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ, бо мақсади пурзўр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвонот, аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан дар минтақаи ҷамоати деҳоти Нофароҷ деҳаи Навобод 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бе иҷозати мақомоти дахлдор бо шикори ғайриқонунии парандаи саъба машғул буданд. Бо ин кирдор қонуншиканон талаботи моддаи 44-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”- ро вайрон намуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон мутобиқи моддаи 223 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
