Ҳ
ифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар шароити ҷаҳони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин воқеият, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувор ва дурбинонаро дар самти ҳифзи табиат ва таъмини рушди устувор амалӣ менамояд. Ин нукта дар Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ инъикос гардида, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии экологиро муайян менамояд. Бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо дастгирӣ ва ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар толори сарраёсат тренинги омӯзишӣ байни омўзгорони фанҳои география, биология, экология оид ба ҳамгироии самараноки таҳсилоти марбут ба иқлим ба раванди таълим бо истифода аз маҷмўи «Сандуқчаи иқлимӣ» гузаронида шуд. Дар тренинг омўзгорони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ҳамагӣ 23 нафар иштирок намуданд.
Рафти тренинг аз ҷониби мушовири миллӣ - Владимир Кошеев ва эко-тренер, мутахассиси идоракунии ҳамгироии захираҳои об Дилрабо Шукрӣ доир ба мавзуҳои интерактивии таълимӣ оид ба тағйирёбии иқлим, шиносоӣ бо ҷанбаҳои мубрами тағйирёбии иқлим ва таъсири онҳо ба минтақа ва муҳити атроф, муаррифии воситаҳо ва методикаҳои амалӣ, аз ҷумла истифодаи "Сандуқи иқлимии" навшуда, муҳокимаи муносибатҳо ба ҳамгироии мавзӯъҳои иқлимӣ ба дарсҳои мактабӣ ва фаъолияти беруназсинфӣ шунида шуд. Ташкили чунин тренингҳо барои ташаккули маърифати экологӣ, гирифтани маълумоти муфассал оид ба тағйирёбии иқлим ва пайо-мадҳои он, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва интерактивии экологӣ байни мактаббачагон мусоидат намуда, баргузории чунин чорабиниҳо бо иштироки бештари омўзгорон дар назар аст.
