Б
о мақсади баланд бардоштани огоҳии хонандагон ва таҳкими донишҳои онҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд санаҳои 24 то 27 октябри соли 2026 дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд, байни хонандагони синфҳои 7 - 9 семинари омӯзишиву иттилоотӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба раванди банақшагирии миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим роҳандозӣ гардида, дар он ҳамоҳангсози Лоиҳаи нақшаи миллии мутобиқшавӣ Орзу Одинаев ва намояндаи сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иштирок доштанд. Ҷараёни чорабинӣ ба хонандагон оид ба иқлим, сабабу омилҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба он ва пайомадҳои он, роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири он ба муҳити зист ва инсон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои замони муосир дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, таъсири он ба захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ, саломатии инсон ва вазъи умумии муҳити зист торафт бештар эҳсос мегардад.
Аз ин ру, баланд бардоштани маърифати экологӣ, ташаккули муносибати масъулонаи насли наврас нисбат ба муҳити зист аҳамияти махсус дорад. Ҳамзамон миёни намояндагон ва хонандагону омўзгорон суҳбати озод сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, роҳҳои мутобиқшавӣ ба он, усулҳои пешгирии таъсири манфии он ба муҳити зист ва инсон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар интиҳои чорабинӣ ба хонандагони фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо супорида шуда, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузории чунин чорабиниҳои омўзиширо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ва огоҳии онҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
