Д
ар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини сардор Розиқзода Нозир кормандонро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мақоми махсус дорад. Қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуд. Бояд таъкид кард, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Он ифодагари иродаи халқ, рамзи соҳибихтиёрии давлат ва кафили зиндагии осоиштаю ҳуқуқбунёди ҷомеа мебошад. Ҳамзамон сармутахассис оид ба ҳуқуқ баромад карда вобаста ба талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани пояҳои давлатдории миллӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ва дар ин раванд нақши муҳими Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ қайд намуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист низ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, баҳри истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳифзи муҳити зист, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ барои наслҳои имрӯзу оянда яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию экологии аҳолӣ, тарғиби риояи қонунгузорӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳифзи муҳити зист вазифаи муҳими ҳар яки мо мебошад.
