Санҷиши рафти иҷрои Барнома ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳри Исфара

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3378

Дар асоси нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли равон санаи 9.10.2019  рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои МИҲД шаҳр, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардидаанд, дар ҳузури роҳбарон ё шахсони муттасадӣ санҷида шуд. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар баъзе самтҳо, бахусус мазмун ва сифати маълумоти ҷамоати шаҳраку деҳот камбудиҳо ҷой доранд.

     Дар моҳи марти соли 2019 як маротиба ҷаласаи комиссияи байниидоравии ноҳиявӣ оид ба маърифати экологӣ гузаронида шуда, ба масъулин дастур дода шудааст, ки ба ичрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо аҳмияти ҷиддӣ диҳанд. Аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи сохторҳо барои минбаъд пешниҳоди маълумот мувофиқи бандҳо ва бо нишон додани маблағҳои сарфгардида таъкид карда шуд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ба муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ гузориши муфассал пешниҳод гардид.