Намоиши «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3314

Санаи 11 октябри соли 2019 аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод дар МТМУ-22 ноҳиябо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо намоиши «Тирамоҳи заррин»баргузор гардид. Дар намоиши мазкур зиёда аз 14 адад муассисаҳои таълимӣ ва беш аз 160 хонандагон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагони мактабҳо баромад дар мавзўъҳои гуногуни экологӣ ба амал омада, ҳамзамон саҳначаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист намоиш дода шуд. Дар рафти намоиш бахшида ба соҳаи ҳифзи табиат саволу ҷавоб ва баҳри болида гардонидани иштирокчиён барномаи консертӣ пешкаши онҳо гардид.

     Инчунин дар чорабинӣ намоиш ва озмуни гулҳо, расмҳои дар васфи табиат кашидаи хонандагон ва кори хаттӣ гузаронида, дар интиҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Зафаробод ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол тақдим гардид.