Ҳифзи ҳаво дар ноҳияи Мастчоҳ

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3476

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои баррасии муроҷиати шикоятии сокинони маҳаллаи Азиззободи ноҳияи Мастчоҳ якҷоя бо шуъбаи назоратии таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корбарӣ намуданд. Шикояти шаҳрвандон дар он буд, ки нақлиётҳои боркашони заводи ҶДММ «Ясин МС-Суғд»-и Хитоӣ ҳангоми кашонидани маъдан аз кон бо суръат  роҳи маҳаллаи мазкурро гузашта, бо гарду чанг атрофро ифлос менамоянд. Коргоҳи номбурда бо истеҳсоли семент машғул мебошад. Бинобар он, санаи 12.10.2019 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ченкунии ифлосшавии ҳаво ва гирду атрофи роҳ ба амал омад. Санади дахлдор тартиб дода шуда, мувофиқи натиҷаи ташхис то 2 маротиба аз меъёр зиёдшавии ихроҷи гарду чанг ба қайд расид.

     Чораҷўӣ нисбати заводи мазкур идома дорад, аммо барои минбаъд нарасонидани зарар ба аҳолии маҳаллаи Азиззободи ноҳияи Мастчоҳ аз тарафи ҶДММ «Ясин МС-Суғд» роҳи нақлиётгард мумфарш карда мешавад.