Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ноҳияи Ашт

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3404

Баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҶДММ «Рахшона» ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо мақсади шиносои бо ҳавзҳои моҳипарварӣ, вазъи имрўза ва минбаъдаи фаъолияти хоҷагии бисёрсоҳа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо як қатор мутахассисону коршиносон ба хочагии мазкур ташриф оварда, аз ташкилу рафти кор изҳори қаноатмандӣ кард. Диққати иштирокдорон ба моҳипарварии ин хоҷагӣ ҷалб гардида, махсусан қайд карда шуд, ки 17 адад ҳавзҳо барои парвариши моҳӣ дар масофаи 44 гектар дар муҳлати кўтоҳ сохта ба истифода дода шудааст. Дар айни замон ба ҳавзҳои мазкур зиёда аз як миллион кирминамоҳии намуди амури сафед, капур, пешонипаҳни сафед ва алоча ҷойгир карда, бо хўрокаи гуногуни хушсифат ва алафҳои тару тоза таъмин гардида истодааст.

     Аз тарафи сардори хоҷагии мазкур барои минбаъд рушд ёфтани парвариши моҳӣ то ба 70 гектар расонидани масофаи ҳавзҳо изҳори ақида карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси вилоят супориш дода шуд, ки ҷиҳати наслгирӣ ташкили сехи инкубатсия, инчунин сехҳои истеҳсоли консерва, ғизои моҳӣ ва яхдони замонавӣ хатман пешбинӣ карда шавад. Дар рафти шиносои аз тарафи коршиносон ва мутахассисон  оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ баҳри боз ҳам сермаҳсул гардонидани ҳавзҳои моҳипарварӣ ва ҳамчун намунавӣ гардидан маслиҳатҳои муфид дода шуд.