Вохўри дар доираи лоиҳа

Категория: Новости Автор: Администратор Просмотров: 3303

    Санаи 17.10.2019 дар Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ» вохўрии намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Келдиева Н. бо мақсади мониторинги фаъолияти иҷрочиёни лоиҳа баргузор гардид. Дар вхўрӣ намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, шахсони масъул оид ба гузаронидани тренинг, иттилоот, мутасаддии корҳои ташкилӣ ва қисми молиявӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин экожурналист Расулзода Т. дар мулоқоти натичаҳои татбиқи лоиҳаи мазкур ширкат варзид. Аз сабаби он, ки лоиҳа ба охир мерасад шахсони ба татбиқи лоиҳа вобастагардида барои минбаъд боз баланд бардоштани сатҳи чорабиниҳо, васеъ намудани майдони фаъолият ва фаро гирифтани миқдори бештари аҳолӣ дар масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ фикру андешаҳои худро ба намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баён намуданд.

    Ёдовар мешавем, ки аз 1 июн то 30 октябри соли 2019 дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4 семинар-тренинги минтақавӣ ва бо ҷалби хонандагони 3 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳучанд (дар ҳар як се маротибагӣ) баргузор гардида, як аксияи ниҳолшинонӣ пешбинӣ шудааст. Боиси қайд аст, ки ҳамкориҳои судманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тадбиқи амалии «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва ҷалб намудани мақомоти дахлдори маҳаллӣ барои баргузории чорабиниҳои мусоидаткунанда саҳми арзанда мегузорад.