Фохтак парандаи соли 2024

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1094

 Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид. Фохтак парандаи андозааш миёна буда, ба оилаи кабӯтарҳо мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда то ба 26-29 см мерасад ва 180-300 грамм вазн дорад. Парҳои болоии қаноти фохтак тобиши қаҳваранг дошта, парҳои маҳини гардан ва қафаси синаро ранги норинҷӣ оро медиҳад. Ҷинси наринаи фохтак  аз ҷинси модина каме калонҷусса буда, аз рӯйи ранг фарқ намекунад. Яке аз аломатҳои хоси фохтак мавҷудияти рахҳои сиёҳ дар паҳлӯи гардан ба шумор меравад. Фохтаки нарина дар давраи афзоиш бо такрор садои хоси “ғурр-ғурр” мебарорад. Бо назардошти чунин хусусият фохтакро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ғурак низ ном мебаранд. Дар шароити Тоҷикистон фохтак парандаи лонагузор ва кӯчанда буда, зимистонро дар  Африқо мегузаронад.

  Ин  паранда  ҷойҳои кушод, дашту саҳро, боғот ва заминҳои кишоварзиро меписандад. Дар моҳҳои апрел-май дар дарахту бутта, рӯйи замин  лона гузошта, одатан ду тухм мегузорад, ки ранги сафед доранд ва андозаашон  27-35 мм ташкил медиҳад. Баъзан фохтак дар як мавсим ду бор тухм гузошта, такроран насл медиҳад. Дар тухмзеркунӣ ва ба воя расонидани чӯҷаҳо фардҳои нарина ва модина масъулияти баробар доранд. Тухмзеркунӣ 15-20 рӯз идома меёбад. Чӯҷа дар муддати 3-4 ҳафта ба парвоз омода мегардад. Фохтак парандаи донхӯр буда, асосан аз тухми растаниҳои  ғалладонагӣ ғизо мегирад, вале ба вояи ғизоии он иловатан меваю ҳашарот низ дохил мешаванд. Новобаста ба ин, фохтак ба ҳосили растаниҳои ғалладонагӣ зарар намерасонад, зеро аз дони ба замин рехтаи ин зироатҳо ғизо мегирад. Инсон ба фохтак амсоли мусича эҳтироми хоса дорад. Аз ин рӯ,  ин паранда дар атрофи маҳалҳои аҳолинишин сукунат мекунад. Дар гузаштаи на он қадар дур фохтак сершумор буд. Тайи даҳсолаҳои охир саршумори он дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон хеле маҳдуд гардидааст ва аҳён-аҳён вомехӯрад. Бо назардошти чунин вазъ, фохтак аз ҷониби парандашиносон барои ворид намудан ба нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шудааст. Фохтак ҳамчун парандаи осебпазир ба муҳофизати ҳамаҷониба эҳтиёҷ дорад ва бояд дар маркази таваҷҷуҳи дӯстдорони табиат қарор гирад. Интихоби парандаи сол барои фароҳам овардани заминаи муносиб ҷиҳати афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат мекунад.