Сафари кории Раиси Кумита ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1163

 Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Бо мақсади иҷрои барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкорона, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,хурраму сарсабз гардонидани кишвар ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А. ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 моторолери барқӣ, 8 қуттӣ барои зарфҳои пластикӣ, 25 адад қуттӣ барои партовҳо тӯҳфа карда шуд. Инчунин дар маркази шаҳр 5 нуқтаи партовгоҳҳои муваққатии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

 Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сарсабзиву хуррамии  муҳити зист дар ҷамоати Суҷина ва маркази шаҳри Панҷакент 300 дона ниҳолҳои санавбар ва 100 дона ниҳолҳои кастона  шинонида шуд. Ҳамзамон, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ва раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А. аз хоҷагии ёрирасони «Ҳифзи табиат» -и шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва осорхонаи шаҳри Панҷакент дидан намуда, аз дастоварду намунаи осори ниёгони ин маҳал шинос шуданд.