Вохӯрӣ бо донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 815

 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 - ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳадафи асосии давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Дар партави ин иқдом, дар толори Сарраёсат вохӯрӣ бо донишҷуёни курси 4-и факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз фанни  “Асосҳои ҳуқуқи истифодабарии табиат” доир гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат доир ба қонунгузории соҳа ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти муҳити зист, Созишномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил шудаанд, иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавӣ баромад намуд. Дар доираи мавзуъ донишҷуён низ ба суолҳои худ оид ба муаммоҳои экологии ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, беҳбудии муҳити атроф фикру ақидаҳои худро баён доштанд.