Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 1825

 Дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зист  дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон   бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар минтақаи куҳи Сиёҳ  корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ ба миқдори умумии донҳои гуногун - 800 кг, сабзӣ - 200 кг, картошка - 200 кг, шалғам - 200 кг, намак - 100 кг, 20 адад бастаи коҳ пошида шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди бузи кӯҳӣ, кабк, харгӯш, уқоб ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.