10 октябр - Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 46

  Бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ ва камшавии хӯрок ба чойҳои гарм парвоз карда мераванд. Олимон муайян кардаанд, ки кӯчи парандагон ба тағйирёбии мавсими шароити зиндагӣ ва камшавии хӯрок вобаста мебошад. Барои чуҷабарорӣ парандаҳои ноҳияҳои шимолӣ ва иқлимашон муътадил ба ҷойҳои  гарм  парвоз мекунанд. Одатан, дар аввали баҳор ба ҷойи сукунати худ парвоз кардани парандагон ба зуҳуроти  ғаризавии (инстинктӣ) таносул ё ки афзоишкунӣ вобаста мебошад. Кӯчи тирамоҳӣ ба кам шудани хӯрок, кутоҳ, шудани рӯз ва сардшавии ҳаво вобаста мебошад, ки ин тағйироти мавсимӣ гӯё бонгест барои парвоз карда рафтан аз маҳалли бехӯрок. Ҳамин тариқ кӯчи мавсимӣ амалиёти ғаризавии (инстинктӣ) парандагон мебошад, ки дар давоми миллионҳо сол бо таъсири омилҳои мавсимии сол ба вуҷуд омадааст. Аввалин шуда аз ҷумҳуриамон булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африкои ҷанубӣ парвоз карда меравад. Маълум карда шудааст, ки бисёр намудҳои парандаҳои Тоҷикистон дар Африкои ҷанубӣ ва Ҳиндустон зимистонро мегузаронанд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд.

  Ба ҷойи зимистонгузаронӣ ва лонагузорӣ парандаҳо бо роҳи муайян парвози роҳи дуру дарозро тай мекунанд, ки онҳоро парандаҳои муҳоҷир (сафарӣ) меноманд. Парандаҳои боқимонда ба намудҳои муқимӣ ва мавсимӣ мансуб мебошанд. Парандаҳои муқимӣ, масалан гунҷишки хонагӣ, мусича, майна, фохта, қумрӣ ва ғайра дар тамоми фаслҳои сол дар ҷойи муайян зиндагӣ мекунанд. Усулҳои омӯзиши кӯчи парандаҳо, аз он ҷумла лаклаки сафед. Ҷойи зимистонгузаронӣ, роҳи парвози парандаҳо бо усули ҳалқабандӣ омухта мешавад. Ба пойи паранда ҳалқаи сабуки алюминий, ки дар он рақам ва маркази ҳалқабандӣ навишта шудааст, баста мешавад. Агар парандаи ҳалқадорро дар дигар мамлакатҳо олимон даст гиранд, ба унвони ҳамон маркази ҳалқаи басташуда хабар медиҳанд. Аз рӯи ин маълумот ҷойи зимистонгузаронии парандаҳо ва роҳи кӯчи онҳо маълум карда мешавад.