Насби баннерҳои экологӣ дар роҳи Ҷаббор Расулов

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 60

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 3 адад ва даромадгоҳи ноҳия 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо  ҳангоми ҳаракат дар роҳ  аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани шоҳроҳ мебошад.