Б
аҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом вохӯрии муовини раиси шаҳр, мудири бахши ҳифзи муҳити зист ва сардори КДФ «Хаҷагии манзилию коммуналӣ» бо раисони Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар толори хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ ба амал омада, ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба тартибу танзим даровардани ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои истеъмолии аҳолӣ ва фаъолона гузаронидани маъракаи ниҳолшинонӣ муҳокима карда шуд. Минбаъд, тибқи нақшаи пешбинигардида иқдоми мазкур идома ёфта, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва атроф тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
