Идомаи корҳои кабудизоркунӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 42

  28 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву сабзгардонӣ бо маром идома ёфтанд. Дар ин замина, дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон чорабинии навбатии ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар рафти маърака раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ва сокинони фаъоли маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар зебо гардонидани муҳит гузоштанд. Бо ташаббус ва дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои гузаронидани чорабинӣ 500 бех ниҳоли сӯзанбарги навъҳои туякӣ ва арча ҷудо карда шуд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба шинонидани ниҳолҳо машғул гардида, дар беҳтарсозии фазои экологии маҳал саҳм гузоштанд. Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳо дар чорчӯбаи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ мешаванд. Ҳамзамон, дар мавзеи дашти Похути Ҷамоати деҳоти Рарз 2000 бех ниҳоли қарағоҷ шинонида шуд. Илова бар ин, ҳайати шахсии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасони худ 400 бех ниҳоли мевадиҳандаи себ ва зардолу шинониданд.