Конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 24

   Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар ҳамҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ» бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Бунёд, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода,  раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Мамадҷонов, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, фаъолон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд. Конференсияро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

   Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи сулҳу субот, сарҷамъӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва пойдории давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид шуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик давраи бисёр сангин ва пурпечутоб буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ гардида, ба иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар таъсири манфӣ расонд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ ва хиради баланди сиёсӣ тавонистанд давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, барои барқарории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузоранд. Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Абдумаликзода Бунёд доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, дастовардҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми тоҷик арзиши муқаддас дошта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Иброз шуд, ки имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ баҳри ободиву пешрафти Ватани азиз саъю талош намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ пос медоранд. Таъкид гардид, ки ҳифзи ин дастоварди муқаддас аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллиро талаб менамояд. Дар фарҷоми конференсия як қатор фаъолон барои хизматҳои шоиста дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.