Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дарёи Сир моҳича сар доданд

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 41

  22 сентябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд тавассути 4 ҳавз ба дарёи Сир 1 миллион моҳича сар доданд. Моҳичаҳо аз зотҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ мебошанд, ки дар коргоҳҳои моҳичапарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ёфтаанд. Тадбирандешии мазкур дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳии зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардидааст. Дар ҳамин ҷо, дар 5 аквариум намудҳои моҳӣ аз оилаи амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ муаррифӣ карда шуд, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли моҳӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят парвариш меёбанд.

  Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки моҳиҳои амури сафед, пешонапаҳни сафед ва зағорамоҳӣ вобаста ба шароити обу иқлим ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 500 грамм вазн мегиранд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сар додани моҳичаҳо ба мутахассисони соҳа барои рушди моҳипарварӣ тавсияҳои судманд дода изҳор доштанд, ки дар обҳои Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи моҳиро парвариш кардан мумкин аст.