Барномаи мустақим «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» дар радио «Пайванд»

Дараҷа: Навидҳо Муаллиф: Администратор Дида шуд: 148

  Дар радиостансияи «Пайванд» (100.6 FM), бинои ШТР «СМ-1» дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки самутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барномаи мустақими 15-уми охирон аз силсила барномаҳое, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии шабакаҳои маҳаллии сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳои иқлимӣ» оѓоз аз моҳи майи соли 2026 ташкил гардида буд, баргузор гардид. Маврид ба қайд аст, ки барномаи мустақим ба мавзӯи «Саводи экологӣ, аҳамият ва ояндаи он» бахшида шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ ба амал омад. Давоми 40 дақиқаи барномаи мазкур байни намояндаи радио ва сармутахассиси сарраёсат тавассути саволу ҷавоб масъалаҳои марбут ба саводи муҳитшиносӣ ва муносибати инсон, шаҳрвандон ба муҳити зист муҳокима гардид. Ҳамзамон, рафти барнома дар бораи одобу маданияти экологӣ, ки ин як ҷузъи асосии саводи экологӣ аст, чӣ гуна будани фаъолияти инсон дар шароити тағйирёбии иқлим, оид ба қабули «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030» ва «Кодекси экологииҶумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба рушди тарбия ва донишҳои экологӣ дар оила, муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар масъалаҳо доир ба мушкилотҳои глобалии экологии замони муосир сӯҳбат карда шуд.

  Дар маҷмуъ, давоми 5 моҳи наздик таҳия ва паҳши 15 барномаҳои радиоӣ ба ҳадафи муттаҳид намудани кӯшишҳои намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторторҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҷиҳати таҳияи мавзӯъҳои муҳтавоӣ ва маводи коммуникатсионӣ, ки ба пешбурди ғояҳои сулҳсозӣ бо дарназардошти омилҳоииқлимӣ равона гардидаанд, бахшида шуд. Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи болозикр вобаста ба тағйирёбии глобалии иқлим 2 аудиоролики иҷтимоӣ омода карда шудааст.