Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 23.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, гузаронида шуд.
Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, раёсати маориф, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Паёми Истаравшан», телевизиони маҳаллии «Афшин», ҷамоати деҳоти Гули сурх, Қалъаи баланд, Зарҳалол ва Қалъачаи калон дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо, дар баъзе самтҳо, хусусан пешниҳоди маълумоти саривақтӣ дар корбарии ҷамоати деҳот ва сохторҳои алоҳида нисбати масъалаи мазкур камбудиҳо ҷой доранд. Ҳангоми санҷиши маълумоти ҷойдошта дар сохторҳои МИҲД шаҳр муайян гардид, ки дар баъзе сохтор ва чамоати деҳот он мувофиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои набуда, ҳамчунин ба сифат ва мазмун аҳмият дода намешавад. Дар соли 2019 як маротиба ҷаласаи комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологӣ (протокол аз 5.03.2019) гузаронида шудааст. Инчунин, дар рафти санҷиш ба роҳбарон ва намояндагони ҳамаи сохторҳо барои минбаъд пешниҳоди маълумот мувофиқи бандҳо таъкид карда шуд. Оид ба гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.